КОНФРОНС: МАҚОМИ ОМӮЗГОР ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА РУШДИ МАЪНАВИЁТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН БАҚОИ ВАҲДАТУ ЯКДИЛӢ
Дар толори донишкада конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақоми омӯзгор дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди маънавиёт ва фарҳанги миллӣ ҳамчун бақои ваҳдату якдилӣ”, дар доираи таҷлили 29- солагии Ваҳдати милӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 55-солагии фаъолияти собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Тоҷикистон, гирандаи медали Сулҳ ва медали ҷашнии 20-солагии ҲХДТ, дотсенти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Хайринисо Темирова баргузор шуд.
Конфронси мазкур бо иқдоми Кумитаи иҷрои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди илмӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар конфронси мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, раёсати маорифи вилояти Суғд, Кумитаи иҷрои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, инчунин намояндагони иттифоқҳои касабаи вилоят, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуда, дар кори конфронс маърузаҳои имлмии худро оид ба мақоми омӯзгор дар рушди ҷомеаи кишвар манзури иштирокдорон намуданд.
Дар рафти конфронс муовини директор оид ба таълим н.и.т., дотсент Мазбут Холиқзода ва н.и.т., омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Мӯҳтабар Ғозиева оид ба фаъолияти 55 -солаи муаллима Хайринисо Темирова баромад намуда, иброз доштанд, ки самараи фаъолияти пурсамари ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз кишвар низ қадр шудааст. Сафарҳои корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Олмон, Лаҳистон, Покистон ва дигар давлатҳо ҷаҳонбинии ӯро ғанӣ гардонида, имконият доданд, ки таҷрибаи пешқадами байналмилалиро ба соҳаи маорифи кишвар ворид намояд.
Имрӯз низ, бо вуҷуди таҷрибаи бузург ва солҳои зиёди фаъолият, Хайринисо Темирова аз кору эҷод дур нест. Ӯ ҳамчун дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намуда, дониш ва таҷрибаи худро ба насли ҷавон меомӯзонад.
Дар баробари фаъолияти касбӣ, ӯ модари меҳрубон ва бибии хушбахт мебошад. Соҳиби се фарзанд, даҳ набера ва чордаҳ абера буда, дар муҳити оилавӣ низ намунаи меҳру муҳаббат, хирад ва тарбияи нек аст.
Зиндагиномаи Хайринисо Темирова достони садоқат ба илм, маориф ва ҷомеа мебошад. Ӯ аз ҷумлаи он занони фаъол ва маърифатпарварест, ки бо фаъолияти созанда ва меҳнати шабонарӯзии худ дар рушду пешрафти маорифи тоҷик саҳми арзанда гузошта, барои наслҳои имрӯз ва фардо намунаи ибрат гардидааст.
Конфронс бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО